МУҲАММАД РАСУЛУЛЛОҲ
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)
ШАХСИЯТИ БЕНАЗИР
Таълифи Усмон Нурӣ Тупбош
Published by Osman Nuri Topbas at Smashwords
Copyright © 2011 by Osman Nuri Topbas
Smashwords Edition, License Notes
All rights reserved. No part of this publication may be reproduced, stored in a retrieval system, or transmitted in any form or by any means, electronic, mechanical, photocopying, recording or otherwise, without the prior permission of the copyright owner.
E-mail: english@islamicpublishing.net
Web site: http://www.islamicpublishing.net
МУНДАРИҶА
Шахсияти нотакрори Паёмбар (с)
Зебоии сурат ва сирату ахлоқи Паёмбар (с)
Тақво (худотарси)- и Муҳаммад (с)
Зӯҳд (парҳезгори)- и Расул (с)
Ҳилм (нармдили)- и Паёмбар (с)
Афв (бахшояндаги)- и Расул (с)
Шинохти ҳаққи ҳамсоя. Фарҳанги ҳамсоядорӣ
Муносибати Расули Худо (с) бо бечорагон
Муносибат бо асиру хидматгорон
Муомилаи Набии Худо (с) бо занон
Муносибати Паёмбар (с) бо ятимон
Пайравӣ бо муҳаббат ва дилбастагӣ ба ӯ
Муҳаббатномаҳо ба Расули Худо (с)
Муҳаббати саҳобагон ба Расули Худо (с)
Муҳаббати гарму ҷӯшон нисбат ба Паёмбари акрам (с) пас аз насли саҳобагон
Паёмбар (с)-ро чи қадар дӯст медорем
Майли инсон сӯи ихтиёри пешвову тақлид
Шахсияти мисолӣ ва намунавии паёмбарон (а)
Расули Худо (с)-ро чи қадар дӯст медорем?
Намунаи ягона ва беназири он Муҳаммад (с) Расули Худост
Қуръони карим бузургтарин мӯъҷиза аст
Ҳар кас ки нобиност, офтобро таъна мезанад
То чи андоза Расули Худо (с) -ро дӯст медорем?
Пайравӣ аз Паёмбар (с) ниёз ба машқу тарбияи қалбӣ дорад
То чи андоза қадри Паёмбар (с) -ро медонем?
Миқёси дӯст доштани Расули Худо (с)
Аломати дӯст доштани он ҳазрат (с)
Тавсифи он ҳазрат (с) хеле душвор аст
Ин қадар шарафи бузург аст, ки уммати он ҳазрат (с) бошем
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон Худованд Паёмбараш (с)-ро ба мо муаррифӣ карда, мефармояд:
***
«Ва Мо туро нафиристодем, магар аз рӯи меҳрубонӣ бар оламиён». (Анбиё, 107)
***
«Эй паёмбар , мо туро фиристодем, то шоҳиду муждадиҳанда ва бимдиҳанда бошӣ! Ва мардумро ба фармони Худо ба сӯи У даъват кунӣ ва чароғе тобнок бошй!» Аҳзоб-45, 46
***
"Ба дурустӣ, ки барои шумо-барои касе, ки (савоби) Худо ва рӯзи охирро умед дорад ва Парвардигорро бисёр ёд мекунад, дар (кори) пайғамбари Худо иқтидои писандидае ҳаст". (Аҳзоб-21)
***
«Ва ҳароина, турост, бе шак, мукофоте поённопазир ва ҳароина, турост хулқе азим» (Қалам -3, 4)
***
«Эй мӯъминон, Худоро фармон баред ва пайғамбарро фармон баред ва амалҳои худро ботил макунед». (Муҳаммад- 33)
***
«Ва онон, ки Худою расулро фармон бурданд,
ҳамроҳи он касонанд аз пайғамбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳон, ки Худо бар онҳо инъом кардааст. Ва онҳо некӯ рафиқонанд». (Нисо- 69)
***
«Ҳамоно, Худо ва фариштагони У бар пайғамбар дуруд мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар вай дуруд бифиристед ва ба салом гуфтане салом гӯед». (Аҳзоб-56).
Рост гуфт Худованди бузургвор.
Ҳамду сипоси бепоён Худовандро, ки моро бо фиристодани пешво ва тоҷи паёмбарон Муҳаммад (с) сарбаланд кард ва аз зумраи пайравони ӯ қарор дод. Дуруд ба Паёмбари гиромӣ (с), ки дар роҳи саодати башарӣ хуршеди хуршедҳо, нури ҳақиқат ва ҳидоят аст. Худованд Муҳаммад (с) - ро дар ҳоле чун борони раҳмат фиристод, ки аҳли башар ғарқа дар дарёи ҷаҳлу зулмат буд ва сангинтарин даврони зиндагиро паси сар мекард. Омадани Паёмбар (с) дурахшидани нуреро мемонд, ки пардаи ваҳшат ва ғафлату исёнро дарид ва дунёро дубора рӯшанӣ бахшид. Худованд ӯро ба тамоми офаридаҳояш, хоса барои инсоният ба масобаи раҳмати бемунтаҳое фиристод, ки василаи ҳидоят ва наҷот гардид.
Муҳаммад (с) раҳмат аст, зеро коинот ба эҳтироми ӯ офарида шуд ва Худованд қадру манзалати инсонро низ дар дӯстдорӣ ва пайравии Паёмбараш қарор дод.
У раҳмат аст, зеро аз лутфу меҳрубонияш на танҳо инсоният, балки тамоми махлуқоти дигар бархурдор буданд. У раҳмат аст, зеро Худованд ӯро сарчашмаи абадии ақлу дилҳо ва асоси саодати виҷдон ва баракати доимӣ қарор дод.
У раҳмат аст, зеро Худованд бо фиристодани Қуръон - дастури ҷовидонаи ҳидоят ва растагорӣ икромаш кард.
У раҳмат аст, зеро шарифтарин офаридаи Худованд, дӯстдоштатарин паёмбари Уст, ки дар шаби меъроҷ ба мулоқоти хеш хонд.
У раҳмат аст, зеро бе вуҷудаш дунё ба биёбони холиву ваҳшатборе мемонд.
У раҳмат аст, зеро коинот дар икроми ӯ офарида шуд ва қимати ҳастӣ дар пешгоҳи Худованд ба андозаи муҳаббат ба эшон муайян хоҳад гашт.
У раҳмат аст, зеро зебоии олам ҳама инъикоси ҷамоли ӯст.
У раҳмат аст, зеро Худованд бо салому дуруди пайваста мақом ва эътибори ӯро арҷ гузошт.
Ҳамин тариқ, дар сояи паёмбарии ӯ тамоми олам оромиву осудагии воқеиро дарёфт ва башарият, ки дар кӯчароҳи ҷаҳлу нодонӣ ғарқа дар дуди исён буд, бо баракати боз шудани дарҳои илму маърифат аз нафасҳои тоза баҳраёб гардид. Дилҳои сангбаста дар дасти ӯ табдил ба хоки нарм шуданд.
Зангу кудурате, ки солҳои сол дилҳоро сияҳ карда буд, бо оби раҳмати ӯ шуста шуд.
Ваҳшии ҳабашӣ қабл аз он ки ислом оварад, марди сангдил ва бераҳме буд, ки мардум мекушт, вале чун мусалмон шуд, аз ёрони нармдили Паёмбар (с) гардид, ки дар як он даме ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад.
Мисоли ин гуна мардон зиёд аст. Эшон чун аз чашмаи ҳидоят об хӯрданд, зиндагии ҷовидонӣ, бузургиву иззат ёфтанд ва номашон дар таърих бо ин таъбири ифтихорӣ «Ёрони Паёмбар (с) »сабт шуд.
Ин ҳама шаҳодат бар он дорад, ки Паёмбари акрам (с) бузургтарин мӯъҷизаи Худовандист. Оре, ҳама сифоти ӯ, чи дар зоҳир ва чи дар ботин, мӯъҷизаи ошкорост. Зеро ӯ раҳмат, ҳидоят ва эҳсоне аз ҷониби Парвардигори оламиён аст ва ҳама авлиёву ҳукамо, фотеҳони ақтоби ҳақиқат аз бани башар пайрави ин намунаи олии инсониянду бас. Он мисли моҳе мебошад, ки нури офтобро акс мекунад, вале дар зоти худ он нурро надорад. Аз ин хотир аст, ки роҳ ба дарёфти хушнудии Худованд аз тариқи дӯстдорӣ ва пайравии суннати Паёмбар (с) убур дорад ва ҳақиқати ин нукта дар оёти илоҳии зерин тавзеҳ ёфтааст:

«Бигӯ: «Агар Худоро дӯст медоред, пас маро пайравӣ кунед, то Худо шуморо дӯст дорад ва гуноҳони шуморо бароятон биомурзад ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст». (Оли Имрон, 31)

«Ҳар ки пайғамбарро фармонбардорӣ кунад, пас, ҳамоно Худоро фармонбардорӣ кардааст. Ва ҳар ки эъроз кард, пас, туро бар онҳо нигоҳбон нафиристодаем». (Нисо, 80)
Тавре ки оёти боло баён медоранд, меъёри ягонаи дӯст доштани Худованд ин пайравии Расули Худо (с), парвонасон гирди шамъи суннати ӯ ҷон ба Ҳақ супурдан аст. Ин ҳақиқатест, ки ҳар нафари имон оварда ба Офаридгори якто онро бояд дарк намояд. Аз ин ҷост, ки дар тамоми ҳолоти зиндагӣ пайравии мо аз суннати Расули Худо (с) бояд эҳсос гардад ва дар ташаккули шахсияти мо шахсияти ягона ва намунавии эшон маҳаки асосии бунёди он қарор бигирад. Бояд иқрор шуд, ки мо ба шинохти шахсияти нотакрори пешвои хеш ва омӯхтани зиндагиномаи эшон эҳтиёҷи зиёде дорем. Муҳаббати мо нисбат ба Расули Худо (с) бояд монанди ишқу дилбастагии ёрони ӯ бошад, ки саодати ҳамзистӣ ва дидори эшонро Худованд барояшон арзонӣ дошта буд. Азбаски гузашти фосилаи вақт ба мо имкони баҳраёбӣ аз ин гуна неъматро намедиҳад, аз ин хотир пайравӣ аз як ҷанбаи шахсияти беназири эшон низ саодати бузург хоҳад буд.
Маҳз ҳамин нукта буд, ки моро ба тадвини ин китоб водор намуд. Навиштае, ки ба маърази мутолиаи шумо мегузорем, бо умеди он рӯи кор омада, ки шуморо бо шахсияти Паёмбар (с) аз наздик ошно бикунад. Бад-ин хотир, маълумоти махсусро роҷеъ ба шахсияти Расул (с), ки дар навиштаҳои қаблии мо зикр шудаанд, ин ҷо ҷамъ овардем. Ҳар чи суханро дар ин мавзӯъ ба дарозо бикашем, боз ҳам моро ҷои он боқӣ мемонад, ки Парвардигори хешро дар ивази ин гуна неъмати бебаҳо, хоҳ бо ёди номи мубораки эшон, хоҳ бо пайравӣ ё худ роҳ гирифтан тибқи суннати ӯ, сипос гӯем.
Муҳимтарин масъулият он аст, ки ба андозаи зарфият ва тавоноии хеш ин мӯъҷизаи ҷовидонаи худовандиро, ки фарогири тамоми оламиён аст, ба ҳамагон ошно бикунем ва пули устуворе бошем байни дирӯз ва имрӯз, ки шахсияти беназири ӯро дар сурати комил ва шоиста муаррифӣ намоем, то ҳамаи инсоният дар беҳтарин сурат ва беҳтарин шева ӯро бишносанд.
Парвардигоро, моро аз ин мӯъҷизаи воло ва чеҳраи беназир насибае ато фармо, дар дилҳои мо қасри ишқу муҳаббати фиристодаи худро ҳамеша обод дор. Парвардигоро, дар имтиҳони тақвову дилбастагӣ ва таслим ба суннати ӯ моро тавфиқёр кун ва дар зумраи нафароне қарор бидеҳ, ки муҳаббат ва ризоияти туро ба даст овардаанд. Омин. (Аз Худованди маннон талаб дорам, ки ҷаҳду талоши шогирдони азизи моро, ки дар таҳияи ин китоб тамоми кӯшишу ғайрат ва кӯмаки хешро дареғ надоштанд, садақаи ҷорияе барои онҳо қарор диҳад).
Ба таҳқиқ Худованд бо фиристодани Паёмбараш - Муҳаммад (с) неъмати воло ва арзишмандеро ба инсоният эҳдо намуд ва итоат ба ҳабиби худро итоат ба хеш, байъат намудан бо ӯро байъат бо хеш муайян сохт, ки оёти зерин дар ин маврид мефармоянд:

«Ва Мо туро нафиристодем, магар аз руи меҳрубони бар оламиён». (Анбиё, 107)
Паёмбар (с) худ дар ҷое ба ёрони хеш хитоб дорад: «Эй мардум, ба дурустӣ ки ман раҳмати ҳидоятгарам». (Дорамӣ, Муқаддима, 3).

«Ҳар ки пайғамбарро фармонбардорӣ кунад, пас, ҳамоно Худоро фармонбардорӣ кардааст. Ва ҳар ки эъроз кард, пас, туро бар онҳо нигоҳбон нафиристодаем». (Нисо, 80)

«Ба дурустӣ, онон, ки бо ту байъат мекунанд, ҷуз ин нест, ки бо Худо байъат мекунанд. Дасти Худо болои дастҳояшон аст. Ва ҳар ки аҳд бишиканад, ҷуз ин нест, ки ба зарари нафси худ аҳд мешиканад. Ва ҳар ки ба он чи бо Худо аҳд кардааст, вафо кунад, пас, музди бузурге ӯро хоҳад дод». (Фатҳ-10).

«Он рӯз, ки ҳар кас он чи аз некӣ амал кардааст ва он чи азбадӣ амал кардааст, ҳозир ёбад, дӯст дорад, ки кош, дар миёнивай ва дар миёни он бадӣ масофаи дур мебуд. Ва Худо шуморо аз Худ метарсонад ва Худо бар бандагон (бисёр) Меҳрубон аст».(Оли Имрон-30)
Худованд пеш гузоштани чизеро аз худ ва Расулаш қатъан манъ кардаву мегӯяд:

« Эй мӯъминон, рӯ ба рӯи Худо ва расули У пешдастӣ макунед ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ, Худо Шунавои Доно аст». (Ҳуҷурот-1)
Ояти мазкур бидуни ифрот ва тафрит арзи ҳастӣ кардани коинот ва зиндагиро дар чаҳорчӯбаи Қуръон ва суннати Набӣ (с) муайян месозад. Аз ин хотир, тибқи ин ояти каримаи илоҳӣ набояд пой аз ҳудуди фармудаҳои Худованд ва Паёмбараш (с) берун ниҳод. Зеро ҳабиби Худо низ ёрони худро аз рӯи фармудаҳо ва дастури қуръонӣ тарбият кард. Аз ин рӯ, чун аз ёронаш чизеро пурсон мешуд, эшон агарчи аз он масъала ба хубӣ огаҳ буданд, дӯст медоштанд, ки дар ҷавоб бигӯянд: «Худованд ва Паёмбараш донотар аст».
Ин гуна рафтори волои эшон буд, ки ба қуллаҳои баланди одоби шоистаи инсонӣ ва манзалати олӣ раҳнамунашон кард.
Худованд мӯъминонро амр бад-он кард, ки дар муносибат бо Расули Худо (с) басо ҳушёр бошанд ва ҳусни адаб нигаҳ доранд, ҳангоми сухан гуфтан бо ӯ садо баланд накунанд вагарна дар ҳоли берун шудан аз ин чаҳорчӯба амалҳои эшонро ботил хоҳад сохт:

«Эй мӯъминон, овозҳои худро аз овози пайғамбар баланд макунед ва бо ӯ монанди баланд гуфтани баъзеи шумо бо баъзе суханро баланд магӯед, (аз хавфи он) ки амали шумо нобуд шавад ва шумо хабардор набошед». (Ҳуҷурот- 2)
Худованд баланд бардоштани қадру манзалати Паёмбар (с) -ро аз соири бандагони хеш имтиҳоне барои тозагии қалбҳо қарор дод ва ба дараҷоти баланди бандагиву инсонӣ расидани онҳоро маҳз дар ҳамин роҳ муайян сохт ва дар муносибат бо ӯ адаб нигоҳ надоштанро камоли ҷаҳолат номид:

«Ба дурустӣ, онон, ки овозҳои худро назди пайғамбари Худо паст мекунанд, ҳамонҳоеанд, ки Худо дилҳояшонро барои тақво озмудааст. Онҳоро омурзиш ва музди бузург аст». (Ҳуҷурот- 3).

«Ҳар оина, аксари онон, ки туро аз паси ҳуҷраҳо овозмедиҳанд, фаҳм намекунанд».(Ҳуҷурот-4).
Дар ин маврид метавон ояти 63-уми сураи Нурро низ мисол овард, ки Офаридгори олам дар он мефармояд:

«Талабидани пайғамбарро дар миёни хеш монанди он машуморед, ки талабидани якдигаратон аст. Ҳамоно Худо ононро аз шумо, ки ба пинҳонӣ паноҳҷӯён берун мераванд, медонад. Пас, онон, ки хилофи ҳукми пайғамбар мекунанд, бояд аз он битарсанд, ки ба онҳо балое бирасад, ё ба онҳо азоби дарддиҳанда бирасад». (Нур-63).
Ибни Аббос дар тафсири ояти мазкур мегӯяд: Мардум дар хитоб ба Паёмбар (с) бо таъбири «Эй, Муҳаммад», «Эй Абулқосим» муроҷиат мекарданд. Худованд ба хотири эҳтироми Расул (с) эшонро аз ин гуна хитоб боздошт ва фармуд: Бигӯед: «Эй Набии Худо», «Эй, Расули Худо». (Ибни Касир, тафсири сураи Нур). Худованд мисли он ки соири паёмбарони дигарро хитоб дорад, ба Муҳаммад (с) бо номиэшонмуроҷиатнамекунад, балки ба эҳтироми ӯ мегӯяд: «Эй, Набии Худо», «Эй, Расули Худо». Ин нукта дарси ибрат ба бандагон аст, ки қадри пешвои хеш бишносанд ва эҳтироми ӯро ба ҷо оранд.
Худованд онҳоеро, ки Паёмбар (с) -ро ба таври шоиста қадршиносӣ намекунанд, аз ин кор боз дошта, ба зиндагии паёмбараш, ки ба масобаи тафсири зиндаи Қуръони карим аст, қасам ёд кардаву мегӯяд:
![]()
«Қасам ба зиндагонии ту, ки ин кофирон дар гумроҳии хеш саргардон мешаванд.» (Ҳиҷр-72).
Ин гуна зикр гардидани қасам дар Қуръони карим ҷои дигар ба чашм намехурад.
Далели дигари соҳиби манзалат ва мақоми баланд будани Паёмбар (с) дуруд фиристодани Худованд ва фариштагонаш ба равони ӯ, амру тарғиби мӯъминон ба ин кор аст. Худованд мӯъминонро фармон медиҳад, ки аз зикри номи Паёмбар (с) дар ғафлат набошанд:

«Ҳамоно, Худо ва фариштагони У бар пайғамбар дуруд мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар вай дуруд бифиристед ва ба салом гуфтане салом гӯед». (Аҳзоб-56).
Эҳтироми Худованд ва эҳсони ӯ ба Паёмбараш бо ин басанда нест, балки ин эҳтиром ва атои худовандӣ то рӯзи бозхост идома хоҳад дошт:
![]()
«Ва Парвардигорат, албатта, ба ту неъмат хоҳад дод, пас, ту хушнуд хоҳӣ шуд». (Зуқо-5).
Бар замми ин ҳама, Худованд ӯро пешвои паёмбарон қарор дода, бад- ин васила мақоми ӯро боз ҳам баланд бардоштааст, ки мегӯяд:

«Ҳамоно баъзе аз ин пайгамбаронро бар баъзе фазл додем: Аз онҳо касе ҳаст, ки Худо бо ӯ сухан гуфт ва баъзеро дар мартабаҳо баланд кард ва ба Исо писари Марям мӯъҷизаҳо додем ва ӯро ба Рӯҳ-ул-Қудус қувват додем ва агар Худо мехост, касоне, ки баъд аз пайғамбарон буданд, пас аз он, ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, ба якдигар намеҷангиданд, валекин ихтилоф карданд ва аз онҳо касе ҳаст, ки имон овард ва аз онҳо касе ҳаст, ки кофир шуд. Ва агар Худо мехост, бо якдигар намеҷангиданд, валекин Худо он чи мехоҳад, мекунад». (Бақара- 253).
«Баъзуҳум», яъне «яке аз онҳо». Дар забони арабӣ вожаи «баъз» маънои «яке» -ро дорад ва ин ҷо ҳадаф аз он паёмбари мо Муҳаммад (с) аст.
Аз ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегӯяд: Баъзе аз ёрони Паёмбар (с) рӯзе интизораш буданд. Паёмбар (с) дар ҳоле ки ӯро дигарон намедиданд, берун омад ва гӯш ба гуфтугӯи онҳо дод, ки яке аз эшон мегуфт: Аҷабо, Худованд аз миёни бандагонаш барои худ Иброҳим (а)-ро дӯст баргузид. Дигаре гуфт: Аҷаб дар ин гуфтаи Худованд аст, ки мегӯяд: «ва каллама Мусо таклимо». Саввумӣ гуфт: Исо калимаи Худо ва рӯҳи ӯст. Чаҳорумӣ гуфт: Худованд ҳазрати Одам (а) -ро баргузид.
Пас, Паёмбар (с) назди эшон ҳозир шуд ва гуфт: Ман гуфтугӯи шуморо шунидам. Шумо аз дӯсти Худованд будани Иброҳим (а), аз сӯҳбати ӯ бо Мӯсо (а), аз рӯҳи Худованд будани ҳазрати Исо (а), аз баргузида шудани Одам (а) аҷаб доред ва ин ҳама барҳақ аст. Аммо ман ҳабиби Худо, ҳомили парчами ал- ҳамд дар рӯзи ҷазоям, ки дар зери он Одам (а) ва дигарон қарор хоҳанд дошт. Ва ман нахустин шафоатшуда ва шафоаткунанда дар рӯзи ҷазо хоҳам буд. Ман аввалин касеам, ки қуфли дари биҳиштро таҳрик хоҳам дод ва Худованд онро хоҳад кушод. Маро ва ҳамроҳи ман мӯъминонро дохили биҳишт хоҳад кард. Ва ман гиромитарини аввалину охирини мардум дар пешгоҳи Худованд ҳастам. (Тирмизӣ, ал- Маноқиб, 1, 3616; Дорамӣ, ал- Муқаддима, 8).
Ҷои дигар Паёмбар (с) мефармояд: «Ман сарвари фарзанди Одам дар рӯзи қиёмат ҳастам, парчами ҳамд дар дасти ман аст ва фахре нест. Он рӯз ман нахустин касеам, ки замин аз зери пои ман шикофта хоҳад шуд». (Тирмизӣ, Тафсири Қуръон 17, 3148).
Ин ҳама сифатҳои олии Паёмбар (с) буд, ки Худованд мӯъминонро ба фармонбарии Расул (с) амр кард. Далели равшани он амр кардани мӯъминон ба дуруд фиристодан барои Расули Худо (с) ва хондани ташаҳҳуд дар охири ҳар намоз аст. Гӯё Паёмбар (с) дар рӯ ба рӯи эшон қарор дошта бошад, мегӯянд: «Дуруду раҳмат ва баракот бар ту, эй Паёмбари Худо», ҳол он ки дуруд фиристодан ба касе дар дохили намоз, намозро фосид хоҳад кард.
Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ ҳикмати ин нуктаро шарҳ дода мегӯяд: «Аммо ташаҳҳуд он аст, ки бо адаб биншинӣ ва гӯё эълон бидорӣ, ки тамоми дуруд ва хубиҳо, яъне ахлоқи ҳамида аз Худованд аст ва ҳамчунин мулк аз они Худост ва ин маънии «Ат-таҳиёт» аст. Шахсияти Паёмбар (с)-ро дар қалби худ муҷассам гардон ва бигӯ:
«Дуруду раҳмат ва баракот бар ту, эй Паёмбари Худо. Ва бад- он бовар бош, ки дуруди фиристодаи ту бад- ӯ хоҳад расид ва дар ҷавоб беҳтар аз он ба ту хоҳад Омад». (Абӯҳомид Ғаззолӣ, Эҳёи улуми дин, 1\224).
Ҳамин тариқ, Муҳаммад (с) дӯстдоштатарин бандаи Худованд, шарифтарин офаридаи У, фахри дунёву охират, пешво ва наҷотдиҳандаи инсоният дар ин дунё ва шафоаткунандаи эшон дар олами боқист. Вақте ҳазрати Одам (а) аз ҷаннат ронда шуд, ба сӯи Парвардигори хеш тавба кард ва аз У омурзиши гуноҳ талабид. Пас, Худованд тавассути Паёмбар (с) гуноҳи ӯро омурзиш кард. Яъне Муҳаммад (с) аз оғози офариниш василаи ҳидояти аҳли башар буда.
Тавре кидар ҳадисишарифомадааст: «Вақте Одам (а) ба гуноҳи худ мӯътариф шуд ва гуфт: Парвардигоро, ба ҳаққи Муҳаммад (с) омурзиши гуноҳи хешро металабам. Пас, Худованд гуфт: Эй Одам, Муҳаммадро чӣ гуна шинохтӣ, ки ҳанӯз ӯро наофаридаам? Одам (а) гуфт: Парвадигоро, вақте маро офаридӣ ва дар вуҷуди ман рӯҳи хеш дамидӣ, сар бардоштам ва дар арш ин навиштаро дидам «Ло илоҳа иллал-Лоҳу Муҳаммадун расулул-Лоҳ». Пас маълумам шуд, ки ҷуз номи беҳтарини халқ номи дигареро бар номи худ ҳамроҳ намеоварӣ. Худованд гуфт: Эй Одам, рост гуфтӣ, ӯ дӯстдоштатарин бандаи ман аст. Пас, ба хотири ӯ маро бихон. Ба ҳаққи Муҳаммад (с) гуноҳатро мағфират кардам. Агар Муҳаммад (с) намебуд, туро намеофаридам». (Ҳоким, ал- Мустадрак ала- с- Саҳеҳайн, Бейрут, 1990, ҷ. 2, 672\ 228).
Бад-ин тариқ, Одам (а) дар дуои хеш номи Паёмбар (с)-ро ба миён овард ва Худованд аз гуноҳи ӯ даргузашт. Ин Паёмбари гиромӣ буд, ки ҳанӯз дар ҳоли нутфа буданаш ба камари Иброҳим (а) интиқол дода шуд ва аз ин хотир буд, ки оташ ба Иброҳим (а) сард гашт. Ва ин дурри ноёб чун дар пушти камари Исмоил (а) қарор гирифт, ба номи ӯ аз осмонҳо дуруд омад.
Тавре ки мушоҳида намудем, тамоми паёмбарон инояти илоҳиро ба хотири Паёмбар (с) дарёфтанд. Ҳатто ҳазрати Мӯсо (а) орзу карда буд, ки аз уммати Муҳаммад (с) бошад, то аз фазлу баракате, ки Худованд ба ин уммат арзонӣ дошта, бархурдор гардад. Аз Қаттода ибни Нӯъмон ривоят аст, ки ҳазрати Мӯсо (а) гуфт: «Парвардигоро, ман дар алвоҳ номи беҳтарин умматеро ёфтам, ки амр ба корҳои шоиста мекунанд ва аз корҳои ношоиста боз медоранд. Эшонро уммати ман қарор деҳ. Худованд гуфт: Эшон уммати Муҳаммад (с) ҳастанд. Мӯсо (а) гуфт: Парвардигоро, ман дар алвоҳ номи умматеро ёфтам, ки эшон аз ҳама умматони дигар охир оянд, амма пеш аз ҳама дохили ҷаннат гарданд. Эшонро уммати ман гардон. Худованд гуфт: Онон уммати Муҳаммаданд.
Мӯсо (а) гуфт: Парвардигоро, ман дар алвоҳ номи умматеро ёфтам, ки китобҳои эшон дар синаҳояшон қарор дорад. Пешиниён китоби худро дида мехонданд ва чун китобро аз онон бигиранд, чизе аз он ба хотир намедоштанд. Худованд ин умматро қувваи ҳофизае ато карда, ки уммати дигареро надода. Эшонро аз уммати ман бигардон. Худованд гуфт: Эшон уммати Муҳамматанд.
Мӯсо (а) гуфт: Парвардигоро, ман дар алвоҳ номи умматеро ёфтам, ки имон ба китоби аввал ва охир доранд, бо гумроҳӣ чунон дар набарданд, ки ҳатто бо Аъвари дурӯғгӯ меҷанганд. Эшонро аз уммати ман бигардон. Худованд гуфт: Эшон уммати Муҳаммаданд.
Мӯсо (а) гуфт: Парвардигоро, ман дар алвоҳ номи умматеро ёфтам, ки аз моли садақоташон мехӯранд ва дар ивази он шукр мегузоранд. Чун аз пешиниён касе садақа медод ва он қабул мешуд, Худованд оташеро мефиристод, то онро ба коми хеш кашад ва агар қабул намеуфтод, тӯъмаи паррандагон мешуд. Худованд садақотро аз сарватмандони эшон ба бечорагони онҳо дод. Эшонро уммати ман қарор бидеҳ. Худованд гуфт: Эшон уммати Муҳаммаданд.
Мӯсо (а) гуфт: Парвардигоро, ман дар алвоҳ номи умматеро ёфтам, ки чун яке аз эшон кори некеро ният кунад, вале онро анҷом надиҳад, дар номаи аъмолаш некие навишта хоҳад шуд, ки аз даҳ то ҳафсад некӣ хоҳад расид. Парвардигоро, эшонро уммати ман бигардон. Худованд гуфт: Эшон уммати Муҳамматанд.
Мӯсо (а) гуфт: Парвардигоро, ман дар алвоҳ номи умматеро ёфтам, ки онон шафоатёфтагонанд. Эшонро уммати ман бигардон. Худованд гуфт: Эшон уммати Муҳаммаданд. Қаттода мегӯяд: Моро гуфтанд, киҳазрати Мӯсо (а) алвоҳро гузошт ва гуфт: Парвардигоро, маро аз уммати Аҳмад бигардон». (Ибни Касир. Тафсири Қуръони азим, Бейрут 1988м. ҷ. 2, сураи Аъроф, 154).

«Ва чун хашм аз (хотири) Мӯсо таскин ёфт, алвоҳро гирифт.Ва дар навиштаҳои вай барои онон, ки аз Парвардигори худ метарсанд, ҳидоят ва бахшоиш буд».(Аъроф, 154)
Аз ин ҷост, ки Паёмбари мо (с) фахри тамоми паёмбарон ва раҳмате барои оламиён аст.
Ин нури муборак рӯзи душанбеи моҳи рабиулаввали соли 571 мелодӣ дар ҷаҳон тулӯъ кард. Бо зуҳури Паёмбар (с) раҳмати бемунтаҳои Худованд ба олам нисор гардид ва тамоми коинот рангу маънии тоза ёфт. Қомати болои буту асноми буткадаҳо шикаст, пояи қасру айвони осмонбӯси Кисро фурӯ рехт, дилҳо бо зуҳури ин нури муборак моломоли сафову баракот шуданд, замину замон дигар шуд. Омадани Муҳаммад (с) буд, ки инсониятро аз вартаи ҷаҳлу зулмат раҳо кард вагарна заифон зердасти ақвиё боқӣ мемонданд ва бадӣ ҳукмфармои хубӣ, зулм дастболои адолат мешуд. Шоире мефармояд:
Эй Расулуллоҳ, агар ту набудӣ,
На гул ёрои шукуфтан дошт, на булбул ёрои сурудан. Агар ту набудӣ, «номҳо»бар Одам (а) ноошно буданд, Ҳастӣ маъное надошт ва олам ғарқаи ғаму андӯҳ мемонд.
Мавлоно Чалолиддин Румӣ мефармояд: «Мо бояд қадри ин гуна неъмат, яъне пешвоеро бишносем, ки қомати бутҳоро шикаст, пардаи зулму ҷаҳолатро аз синаҳои мардум барканд ва адолатро дар рӯи замин паҳн кард. Эй мусалмон, агар ҷонфидоиҳои Паёмбари акрам (с) набуд, имрӯз мисли ниёгони хеш ғарқа дар дарёи ҷаҳл бутпараст будӣ».
Ин мард, ки баҳрае аз хату савод надошт ва дар ҷомеаи гирифтори ҷаҳолат, дур аз тамаддуни инсонӣ зуҳур кард, мардони замонро бо илму ҳикмати хеш дар ҳайрат гузошт ва мӯъҷизае бо худ овард, ки то рӯзи қиёмат касе наметавонад назири онро биоварад. Ин мӯъҷизаи ҷовидон дастури зиндагии мо Қуръони карим аст, ки аз таърихи гузашта, имрӯз ва ояндаи рӯзгори башар сухан мекунад ва тӯли беш аз ҳазору чаҳорсад сол касе наметавонад ҳақиқати ин мӯъҷизаро инкор созад. Машҳуртарин китобҳо ва доиратулмаорифҳо ҳамасола ниёз ба таҷдиди назар ва коркарди дубора пайдо мекунанд, аммо Қуръон ҳамоно мӯъҷиза аст ва ҳаргиз гарди кӯҳнагӣ намепазирад.
Паёмбар (с), ки дар кӯдакӣ аз падар ва модар ятим мондаву пеши касе таълим нагирифта буд, рисолати бузургеро ба дӯш дошт. У тарҷумони олами ғайб, раҳонандаи башар аз вартаи ҳалокат ва муаллими бузурге дар мактаби ҳақиқат буд.
Ҳазрати Мӯсо (а) бо худ чанд аҳкоме овард. Ҳазрати Довуд (а) бо дуову муноҷоте ба Худованд омад. Ҳазрати Исо (а) рисолати таълими макорими ахлоқро ба дӯш дошт, аммо рисолати Муҳаммад (с) ин ҳамаро дар худ ҷамъ карда буд: таълими қавонин ва аҳком, таълими мардум, тазкияи нафс, таълими одоб ва аҳкоми дуо бо қалби тоза. Паёмбар (с) тамоми макорими ахлоқро дар шахси хеш таҷассум карда буд, дар саргаҳи ҳамаи таълимоти хеш чун намунаи олӣ барои башарият қарор дошт. Асолати адаб ва насаб, саодати камолу ҷамол, рисолат ва қувваи тамоми паёмбарон дар вуҷуди ӯ ба ҳам омада буданд.
Паёмбар (с) дар ҷомеаи гирифтори ҷоҳилият чиҳил сол умр ба сар бурд ва камолотеро касб кард, ки баъдҳо низ он ба мардум ношинохта монд. Паёмбар (с) на танҳо чун сиёсатмадор, воиз ё хатиб, на танҳо чун сарлашкар ва сипаҳсолор, балки дар ҳама сифот ва соҳоти зиндагии инсонӣ шӯҳрат дошт. Бидуни шак, синни камолоти ӯ ба қуллаи камолоти инсонӣ, чиҳилсолагияш рост меояд. То синни чиҳилсолагӣ аз касе таърихи паёмбарон ва қавмҳои пешин, ҳадиси ҷаннату дӯзах ва рӯзи қиёматро нашунида буд, вале рӯзгори сода ва холӣ аз фалсафаеро ба сар мебурд. Пас аз бозгашт аз ғори Ҳиро дар зиндагии ӯ тағйироти куллие ба вуҷуд омад.
Чун ба кори даъват ва таблиғ пардохт, ҷазираи Арабро даҳшате фаро гирифт. Мардум мафтуни балоғати суханони Паёмбар (с) гашта буданд, мусобиқоти шеъру адаб дар байни эшон ба авҷи аълои хеш мерасид. Дигар касе аз пирӯзшудагон ёрои онро надошт, ки ашъори худро дар девори Каъба овезад. Чунин овардаанд, ки хоҳари шоири шинохтаи араб Имрулқайс вақте ин ояи каримаи Куръонро шунид:

«Ва гуфта шуд: «Эй замин, оби худро фурӯ бар ва эй осмон, бозмон». Ва об кам карда шуд ва кор саранҷом намуда шуд ва киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ қарор гирифт ва гуфта шуд: «Ҳалок бод бар қавми ситамкорон!». (Ҳуд; 44)
Гуфт: «Дигар касе наметавонад чизе бигӯяд. Дигар аз овехтани қасидаи бародарам (Имрулқайс) дар девори Каъба фоидае нахоҳад буд. Зеро дар сурудаи ҳеҷ шоире дигар чизе намонда, ки бо он (ояти Куръон) баробарӣ Чӯяд».
Ва қасидаи бародарашро, ки дар саргаҳи қасидаҳои шоирони дигар дар девори Каъба овезон буд, гирифт ва пас аз он шаш қасидаи боқиро низ аз он дур андохт. Паёмбар (с) ҳақиқати гумоштаи Худованд дар рӯи замин будани инсонро ба аҳли башар омӯхт. Чи дар маҷоли ҳаёти иҷтимоиву маданӣ ва чи иқтисодиву сиёсӣ беҳтарин дастур ва қавоиди зиндагиеро гузошт, ки нухбагони илм ҳикмати онро танҳо пас аз баҳсҳои тӯлонӣ ва таҷрибаҳои зиёде дарк намуданд. Боиси тазаккур аст, ки маърифат ва маданияти башар ҳар қадар рӯй ба тараққӣ оварад, ҳамон қадар «ҳақиқати муҳаммадӣ»-ро амиқтар ва бештар дарк хоҳад кард.
Паёмбари бузургвори мо, ки пеш аз беъсаташ танҳо боре ҳамчун шоҳид дар ҷанг иштирок дошт ва шамшере ба даст нагирифта буд, бидуни ягон таълими аскари сипаҳсолори номвар ва сарлашкари ҷасури лашкари ислом гардид, ки бо вуҷуди дили нарм доштанаш дар нашр ва таҳқиқи тавҳид ва сулҳу суботи иҷтимоӣ аз хурдтарин муҳорибае таъхир намекард.
Расули Худо (с) як ба як дар мекӯфт, то дини ягонаи худовандиро ба инсоният расонад, аммо
бахтбаргаштагоне, ки аз ин ҳидоят рӯй тофтанд ва дар ба рӯяш барбастанду аз нури ҳақиқати ӯ хавфдоштанд, дар ҷаҳолат ва зулумоти абадӣ боқӣ монданд. Кор ба ҷое расид, ки дар натиҷаи ин ҷаҳолат ва ҳам кинаву адоват ин тоифа бо Паёмбари Худо (с) муомилоти ношоистаеро раво диданд, аммо ӯ на аз ин кирдори эшон, балки аз ғафлат ва ҷаҳолате, ки онҳоро дар худ фурӯ кашида буд, бисёр мутаассир мешуд ва ба ин гуна одамон мегуфт:
![]()
Бигу: «Бар таблиғи Қуръон аз шумо ҳеҷ муздеро талаб намекунам ва ман аз такаллуфкунандагон нестам». (Сураи Сод, 86)
Аз ин бармеояд, ки Расули Худо (с) танҳо ризоият ва хушнудии Худовандро мехосту бас. Уро муяссар шуд, ки дар тӯли нӯҳ сол, агарчи гоҳо қувваи аскарияш ба сеяки қувваи мухолифонаш баробар меомад, ҷазираи Арабро зери тасарруфи хеш дарорад. Эшон дар тамоми набарду задухӯрдҳо бо таълими хуби аскарӣ, ки атои илоҳӣ барои нобиғагони аср дар ин ихтисос аст, пирӯзиро ба даст овард. У дар ин росто ду империяи бузурги замони хеш, империяи Рум ва Форсро шикаст дод.
Ҳамин тариқ, Паёмбари акрам (с) бо вуҷуди монеаҳои зиёд тавонист инқилобе дар таърихи башар ба вуҷуд оварад, решаи золимонро баркандаву ба доди мазлумон бирасад. Дасти меҳру шафқати ӯ пайваста сари ятимону бепарасторонро навозиш мекарду нури раҳматаш ғаму андӯҳро аз дилҳо мерабуд. Сухансарои турк Муҳаммади Окиф ин маъниро ба риштаи назм кашидаву мегӯяд:
Рӯзҳо сипарӣ шуданду тифли ятим ба синни камолот расид,
Ин марди маъсум инсониятро бо нафхаи имон озод кард,
Қайсарони Руму подшоҳони Форсро ба якбора шикаст дод,
Дасти оҷизону бечорагонеро гирифт, ки ҷуз хориву
бечорагӣ насибашон набуд,
Қавонини бузурги ӯ раҳмате барои оламиён аст.
Боли раҳмат бар онҳое паҳн карда буд, ки адолату ростиро месуруданд,
Ҳар чи дар дунёст, аз файзу баракоти ӯст,
Ҳар фард, хонавода ва ҷомеа ҳама мадюни ӯянд,
Башарият мадюни ин шахси бегуноҳ аст,
Парвардигоро, моро аз зумраи онҳое бигардон, ки рӯзи ҳашр ба ин иқрор бархезанд.
Барҳақ, роҳу рӯзгори Муҳаммад (с) дарёи бузургу беканорест ва дунёи нотакрори инсонияш бузургтарин ва маҳбубтарин дунё. Шахсияти нотакрораш воқеан дунёест, ки то рӯзи бозхост гиреҳкушои мушкилот ва эҳтиёҷоти башарист. Зеро ҳама кас чун дар муомилоти шахсиву хонаводагӣ ё худ муносибатҳои корӣ дучори мушкилие шуд, метавонад роҳи дурусти ҳалли онро аз зиндагинома ва фармудаҳои эшон пайдо кунад. Аз ин хотир аст, ки Худованд ӯро барои инсоният чун паёмбари охирзамон баргузид. Худи Расул (с) дар тавсифи ин шахсияти воло ва ахлоқи шоистаи хеш мегӯяд: «Ба дурустӣ, ки ман барои камолоти ахлоқ фиристода шудаам». (Муватто, ҳусну-л-хулуқ, 8).
Бад- ин тариқ, Паёмбар (с) пас аз хеш на мероси пуливу молӣ, балки мероси гаронбаҳотаре аз он, яъне шахсияти бузург ва ахлоқи ҳамидаи худро ба ихтиёри насли башар гузошт.
Воқеан, Паёмбар (с) ягона шахсият ва паёмбарест, ки лавҳи таърих тамоми ҳаёташро бо ҷузъитарин ҳодисоту воқеоти он дар худ ҳифз доштааст.
Аз камолот ва мӯҷизаи паёмбарон аст, ки дар роҳнамоӣ ба саодати башарӣ ва иршоди мардум ба роҳи ҳақ корнамоиҳои беназир нишон медиҳанд ва қисмате аз онҳо то мо низ расида. Аммо зиндагии Паёмбари охирзамон лаҳза ба лаҳза дар саҳифаи таърих сабт аст, ки гӯӣ имрӯз низ чун оинаи тамомнамое инъкосгари ҳамаи фаъолияти эшон, чи хурду чи бузург, ба шумор меояд ва бешак, лавҳаи ифтихории рӯзгори инсонист.
Чун дар ҷустуҷуи раҳоӣ аз гирдоби мусибату гирифториҳои зиндагӣ қарор дорем, бояд нахуст пайгир ва амалкунанда ба ахлоқи сутудаи пешвои хеш Муҳаммад (с) бошем. Ва он ҳама хислатҳои шоистаи эшон монанди шукр, таваккул, ризо ба қазову қадар, сабр дар мусибат, азму иродаи қавӣ, шуҷоат, қурбонӣ, қаноат, хайрхоҳӣ ба дигарон, саховатмандӣ, фурӯтаниву хоксорӣ ва суботу устувориро бо беҳтарин ваҷҳ дар сиришти худ парварем.
Инсон қодир аст вуҷуди хеш, атрофиён ва билкул олами ҳастиро ба ин навъи хислатҳояш зиннат диҳад. Аз ин хотир, Худованд Муҳаммадро (с) дар ин маврид чун намуна ва беҳтарин мисол барои тамоми инсоният баргузид ва ӯро ба ҳайси раҳнамои бузурги башар ирсол кард. Худованд ин намунаи олии инсониятро дар оёти 3 ва 4-уми сураи муборакаи Қалам васфкардаву мегӯяд:
![]()
«Ва ба дурустӣ ки ту бар хӯи бузург ҳастй». (Қалам, 4)
Шахсияти Муҳаммад (с) ва роҳнамоии ӯ аз тамоми қобилияту истеъдод ва имконоте, ки нафси башар дорад, ташаккул ёфт ва ба авҷи камол расид. У худ мисоли зиндае буд, ки бо камоли масъулияти роҳнамоӣ ва иршод байни мардум умр ба сар мебурд.
Оре, ӯ ба таъбири Қуръони карим беҳтарин намунае барои насли башар аст:

«Ба дурустӣ ки барои шумо - барои касе, ки (савоби) Худо ва рӯзи охирро умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад, дар рафтори пайғамбари Худо иқтидои писандидае ҳаст».
(Аҳзоб, 21)
Ҳар саҳифаи рангини рӯзгори ӯ бозгӯи ҷамол ва камоли нотакрор дар ҳама ҷанбаи зиндагист ва ҳар нафаре ба андозаи зарфияту тавоноии хеш метавонад аз он баҳраёб гардад. Расули гиромӣ (с) беҳтарин мисоле дар умури диндорӣ, сиёсиву идорӣ, намунае барои дӯстдорон ва алоқамандони илоҳӣ дар ин самт хоҳад буд. У беҳтарин шукргузори неъматҳои Худованд ва шикастанафстарин бандаи вай аст. Паёмбар (с) намунаи олии сабру субот дар душвориву сахтӣ ва мисоли беҳтарини ҷувду саховатмандист. Эшон дар лутсру меҳрубонӣ бо наздикону пайвандон, дар дастгирии афтодаву бечорагон ва узрпазирӣ аз хатокорон низ ҳамто надорад.
Агар соҳиби молу сарвати бешуморӣ, пас, дар хоксориву шикастанафсии Паёмбар (с) биандеш, ки тамоми ҷазираи Арабро зери тасарруфи хеш дошт ва бузургону саркардагони онро бо лутфу нармӣ маҷзубу шефтаи худ карда буд.
Агар сипаҳсолор вапешвоинусратёрӣ, пас, ибрате аз корномаҳои ҷангии Паёмбар (с) бигир, ки дар ҷанги Бадр ва Ҳунайн чи гуна далерона, шуҷоатмандона бар душманони хеш пирӯзӣ ёфта буд. В-агар Худо нахоста, гирифтори шикасту мағлубият шудаӣ, пас боз ҳам ӯро пеши назар овар, ки дар ҷанги Уҳуд сабуронаву ҷасурона ба суроғи ёронаш мешитофт ва эшон ҷароҳат бардоштаву ба шаҳодат расида дар майдони ҷанг мехобиданд.
Агар машғули кори таълим ва тарбияӣ, пас, аз Муҳаммад (с) - бузургтарин муаллиме ёд кун, ки фармудаҳои Парвардигорашро таълим медод ва бо дили бузургу ҳассос ғамхору дастгири шогирдону пайравони хеш, хоса, асҳоби суфа буд.
Агар ҷӯяндаи илмӣ, пас, Расули Худоро ба ёд овар, ки дар пешгоҳи фариштаи ваҳй- Ҷабраил (а) бо шавқу адаб ва ҳушёрӣ менишаст.
Агар воиз ва роҳнамоӣ, пас, гӯш ба суханони пурҳикмати Паёмбар (с) фаро деҳ ва онро бо ҷону дил бипазир.
Агар ҳимоятгари ҳақиқат ва мубаллиғи онӣ ва ёвару роҳнамое надорӣ, пас, ба рӯзгори Муҳаммад (с) бингар, ки бе ҳимояту мусоидате дар Макка чи гуна ба золимону ҳақношиносон садо баланд мекард ва эшонро ба ҳидоят ва растагорӣ мехонд.
Агар ба шикаст додани душман, решакан кардани дурӯғ ва эълони ҳақиқат равонаӣ, боз ҳам ёд аз Расули
Худо кун, ки рӯзи фатҳи Макка чи сон бар душманони худ пирӯзӣ ёфт ва дар баробари он чунон сипосманду фурӯтан савори уштур дохили шаҳр шуд, ки гӯё дар ҳоли саҷда бошад.
Агар соҳиби замин ва зироативу мехоҳӣ дар ин кор муваффақ бошӣ, пас, зиндагиномаи Паёмбар (с) -ро бихон, ки пас аз фатҳи заминҳои қабилаи Хайбар ва Бани Назир ба сари кор донандагони хуби ин соҳаро даъват кард, то дар пешрафти соҳаи заминдорӣ беҳтарин имконотро мавриди истифода қарор диҳанд.
Агар шахси ғарибу танҳоӣ ва касе дастгиру мададгори ту нест, дар ҳоли ин тифли ятими нуроние бингар, ки нури чашми падару модари хеш- Абдуллоҳ ва Омина буд.
Агар дар айни ҷавонӣ қарор дорӣ, аз ҷавони зеборӯе ёд кун, ки ҳоло ба паёмбарӣ расидаву овони наврасияш дар Макка гӯсфандони амаки хешро ба чаро мебурд.
Агар дар кори тиҷорат машғулӣ, ёд аз нафаре кун, ки қофиласолори корвони тиҷорате буд, ки сӯи кишвари Шом ва Яман мерафт.
Агар қозӣ ва ё ҳокимӣ, аз адолат ва ростии Муҳаммад (с) ёд кун, ки чун назди бузургони Макка ворид шуд ва қариб буд, бо ӯ пархош бикунанд, ҳаҷару-л-асвадро дар Каъба гузошт. Ва ин далели ақлу фаросати бузурги Паёмбар (с) аст.
Боз ҳам бо чашми ибрат ба таърихи рӯзгори ӯ назаре афкан, ки дар масҷиди Мадина дар баробариву бародарии сарватманду бечора одилона ҳукм мекард.
Агар сарвари хонаводаӣ, ба меҳрубониву ғамхории расули Худо (с) бингар, ки чи гуна бо ҳамсарони худ муносибат дошт ва барояшон чи эҳтироме қоил буд. Агар масъулияти падариро ба ӯҳда дорӣ, пас, муомилаи хуби Паёмбари Худоро бо фарзанду наберагонаш ба ёд
Ҳамин тариқ, ҳар касе ҳам бошӣ, Расули Худоро дар тамоми ҳолоти зиндагӣ пешво ва муршиди бемисле барои хеш хоҳӣ ёфт. Оре, ӯ муршид ва роҳнамои туст. Зеро дар пайравии суннати ӯ худро ислоҳ, амалҳои хайру савоби хешро муназзам хоҳӣ кард ва бад-ин васила, роҳи саодат ва хушбахтии воқеиро хоҳӣ ёфт.
Аз ин хотир, гарчи зиндагии Муҳаммад (с) зиндагии як фард ҳам бошад, намунаи беҳтаринест барои ҳамаи инсоният, ки ҳар касе метавонад ба андозаи қудрат ва имконоти худ аз ӯ пайраӣ кунад. Аз ростӣ Паёмбар (с) мизони воқеӣ барои онҳоест, ки дар ҷустуҷӯи идеали ҳаёти хешанд.
Оре, дунёи дили ӯ боғистоне ороста бо гулҳои хушбӯ буд, мисли боғҳои биҳишт. Аз ин хотир, рӯзгораш беҳтарин намуна барои он нафаронест, ки зиндагияшон ҳам байни пастиву баландӣ ва ҳам иззату хорӣ ҷараён дорад. Зеро рӯзгори ҳоким барои шахси маҳкум ва зиндагии маҳкум барои шахси ҳоким наметавонад намуна ё мисол бошад. Масалан, фақире, ки солҳои тӯлонии умрашро барои дарёфти нони сиёҳе паси сар карда, чи гуна идеали сарватманде хоҳад шуд, ки ғарқа дар айшу ишрат аст? Аммо рӯзгори Паёмбар (с) комилан ҳукми дигар дорад. Он ҳам барои фақир ва ҳам сарватманд, ҳам шахси ҳоким ва ҳам нафари оддӣ намунаи идеалӣ аст. Зеро Худованд ӯро аз ятимӣ, ки қуллаи олии аҷзу нотавонӣ ва бечорагӣ дар ҷомеа ба шумор меояд, оҳиста - оҳиста ба дараҷаи волои камолоти инсонӣ, ба давлатдориву паёмбарӣ овард. Аз ин рӯ, бо он ки рӯзгори Расул (с) дараҷаи камолот ва мақому манзалати танҳо як фарди ҷомеа аст, воқеан, ҳаёти ормонии тамоми инсоният ба шумор хоҳад рафт. У барҳақ, ягона мизони ростинест барои мӯъминоне, ки ӯро пешвову идеали зиндагии хеш қарор додаанд.
Касоне (хоса, файласуфон), ки даъвои созандагии роҳи наҷот ва саодати башарро доранд ва онро дар шахси ягон нафари муайяне матраҳ кардаанд, бо сарчашма ва асосҳои бедалели хеш ба ҳадаф нарасидаанд, ба ҷуз фиристодагони Худованд, ки солеҳон аз паи эшон рафтаанд. Зеро онҳо танҳо такя ба ваҳйи илоҳӣ доранд ва аз пеши худ чизе намегӯянд. Рисолати эшон танҳо расонидани фармудаҳои Худованд асту бас. Аз ин хотир аст, ки ҳамеша мегӯянд: «Худованд ҳамин гуна фармон медиҳад». Аммо файласуфон бошанд, бо он ки ҳадафи хешро ҳидоят кардани мардум ба роҳи рост медонанд, вале аз сабаби бенасиб буданашон аз таъйиди илоҳӣ ва тафаккури кӯтоҳи инсонии хеш дастуроти худро мутобиқ ба ҳамин пешниҳод мекунанд.
Яке аз эшон мегӯяд: «Ҳамин гуна мебинам ва меандешам». Дар натиҷаи чунин ихтилофот кор ба ҷое мерасад, ки яке назарияи дигариро инкор месозад ва дурӯғгӯ мепиндорад. Хулоса, на ҳидоятгари худ ва на ҷомеаи худ мешавад. Масалан, Арасту бо он ки асосгузори маҷмӯи қонунҳои фалсафиву ахлоқист, азбаски маҳрум аз ваҳйи илоҳӣ буд, касеро натавонист пайдо бикунад, ки ба афкори фалсафии ӯ имон биоварад. Аз ин хотир, бо татбиқи андешаҳои фалсафии худ ба ҳадаф нарасид. Зеро мусаллам аст, ки файласуфон шахсияти худро ба воситаи ваҳйи илоҳӣ ба камол нарасонидаанд. Воситаи ягонаи наҷотбахши инсоният аз кулли гирифториҳои зеҳниву тамоюлоти қалбӣ, ки муртабит бо ваҳйи илоҳӣ нест, Қуръони карим аст. Қуръон ҳамоно кӯҳи побарҷоест, ки Худованд онро тавассути паёмбари охирзамон барои башарият эҳдо кард ва намунаи амалии аҳкоми онро ҳамагӣ дар сирати эшон ҷой дод. Аз ин рӯ, барои таҳқиқи ғояти инсонӣ ва ё расидан ба асли мақсуд инсониятро зарур аст, то дар муносибат бо ин китоби осмонӣ ва суннати Расул (с) содиқ ва кӯшо бошанд.
Паёмбар (с) ба ҳайси роҳнамо ду масдари асосӣ-Қуръон ва суннатро ба мерос гузошт, зеро ин ду сарчашмаи саодат ва ёдкарди абадие аз «нури вуҷуд»- и ӯянд, ки ба василаи онҳо банда ёд аз Худову Расули ӯ мекунад. Гузашта аз ин, Паёмбар (с) қабл аз нузули рисолат низ муҳаббати хешро дар дили қавми худ бедор карда буд ва бо рафтори шоиста эшонро водор сохт, ки бо ин лақаби ифтихорӣ нидояш бикунанд: «Ту амонатнигаҳдор ва содиқ ҳастӣ». Эшон чун ба кори даъват пардохта буд, ин сифатҳоро ба ҳадди камол дар вуҷуди хеш мепарварид. Мардум сиришти пок, садоқату ихлос ва ахлоқи писандидаи ӯро ба хубӣ дарёфта буданд ва бад-ин хотир дӯсташ медоштанд. ҳамагӣ ба «амин» будани ӯ иқрор буданд ва ҳангоми гузоштани ҳаҷаруласвад - ҳини бунёди девори Каъба - бидуни ҳеҷ ихтилоф ва эътироз ба ҳукми эшон сари таъзим фуруд оварданд. Яке аз шавоҳиди тасдиқи росткориву ростгӯии Паёмбар (с) ин аст, ки императори Рум Геракл Абӯсуфёнро, ки он вақт аз душманони бузурги эшон буд, пурсид: «Оё пеш аз он ки ин суханонашро бигӯяд (даъвои паёмбарӣ бикунад), дурӯғгӯии ӯро дида будед?» Абӯсуфён ғайр аз он ки ба ростгӯии Паёмбар (с) иқрор бишавад, дигар чорае надошт. Император боз савол кард: «Оё хиёнат мекард?» Гуфт: «Не». (Бухорӣ ва Муслим).
Ба дурустӣ, ки аҳли Макка ба тамоми гуфтаҳои ӯ бовар мекарданд, зеро эшон аз Расули акрам (с) ба ҷуз ростӣ надидаву нашнида буданд.
Рӯзе Абуҷаҳл ва ёронаш, ки аз душманони бераҳми Паёмбар (с) буданд, ба Расули Худо гуфтанд: «Эй Муҳаммад, ба ростӣ мо туро дурӯғгӯ намепиндорем, зеро ту дар назди мо ба ростгӯӣ шӯҳрат дорӣ, аммо ба дине, ки ту овардаӣ, бовар надорем». Ҳамон дам ин ояти мубораки Қуръони карим нозил шуд, ки мефармояд:

«Ба дурустӣ ки Мо медонем: он чи онҳо мегӯянд, туро андӯҳгин мекунад. Ва ба дурустӣ ки онҳо фақат туро ба дурӯғ нисбат намекунанд, балки ин ситамкорон оёти Худоро инкор мекунанд». (Анъом- 33).
(Воҳидӣ, Асбоби нузул, таҳқиқи Камол Басюнӣ Зағлул, Бейрут,1990, с.219).
Аз ҳаводисе, ки ҳатто аз ҷониби мушрикон низ ба «Муҳаммади амин» мулаққаб гардидани эшон равшанӣ меандозад, ин аст, ки дар китобҳои роҷеъ ба зиндагиномаи Паёмбар (с) омада: Яке аз пешвоёни яҳуд ҳангоми ҷанги Хайбар назди Паёмбар (с) омад, бо эшон сӯҳбат орост ва дархост кард, ки ба дини ислом гарояд ва сасри мусалмононро афзояд. Агарчи ҷанг идома дошт ва мусалмононро гуруснагӣ таҳдид мекард, Паёмбар (с) ӯро амр кард, ки гӯсфандонро ба соҳибонаш боз гардонад ва пас аз он ба эшон пайвандад (Ибни Ҳишом, Сират-ун-набавия, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1937м. ҷ. 3, с.397-398).
Ин амали эшон гувоҳи масъулиятшиносӣ ва дар мушкилтарин даврон низ эътибори ҷиддӣ додан ба амонатнигаҳдорӣ аст.
Агар ба суханони эшон, ки шаби меъроҷ дар ҳоли таслим ва тасдиқ ба Абӯбакри Сиддиқ гуфта буд (Агар ба дурустӣ чизе барояш гуфта шавад, онро тасдиқ намояд), гӯш андозем, метавонем аз ахлоқ, ҳолатҳои гуногуни зиндагии ӯ дуруст истифода намоем.
Ҳамин тариқ, намунаҳои адолату ростӣ, раҳму шафқат дар ҳаёти воқеии Паёмбар (с), ки ҳадду канор надорад, метавонад то рӯзи бозхост мисоли хубе барои оламиён бошад.
Эй чашме, ки нури оламгири ин чароғи фурӯзони нубувватро дар саросари олам мебинӣ, наметавон ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақиқати вуҷуди ӯро инкор кард. Бисёр дидаем, ки соҳибхирадону соҳибдилон бузургии эшонро эътироф кардаву назди ин бузургӣ сари таъзим фуруд овардаанд. Томас Карлел дар ин маврид мегӯяд: «Ба дурустӣ, ки зуҳури ӯ гароише аз торикӣ ба сӯи рӯшанӣ буд».
Дар Доират-ул-маорифи Бритониё низ роҷеъ ба зиндагонии ӯ омада: «Он камолоте, ки Муҳаммад (с) ба он ноил гардида, ягон паёмбари дигар, шахси солеҳ ва марди дине наметавонад ба он бирасад.
Донишманди дигар Б.Смайс мегӯяд: «Ҳаққо, ки Муҳаммад (с) ба иттифоқи ҳамагон бе чуну чаро бузургтарин ва солеҳтарин шахс аст».
Ин ҳақиқатро Стонли Лин Бол низ эътирофкарда: «Рӯзе ки Муҳаммад (с) ба душманони хеш пирӯз шуд, ҳамон рӯз бар нафси хеш низ пирӯзӣ ёфт. Зеро ӯ (с) аз аҳли қурайш бе ҳеҷ дудилагӣ гузашт кард».
Орсар Гелмон бошад дар ин маврид андешаҳои худро бад-ин гуна иброз медорад: «Бузургии қадру қимати ӯро рӯзи фатҳи Макка шоҳид будем. Дар муқобили муносибатҳои бераҳмонаи мухолифонаш, ки бо ӯ (с) карда буданд, лашкариёни худро аз хунрезиву муқовимат боздошт ва бо ин Худовандро дар ивази неъмати бебаҳояш изҳори шукру сипос намуд. Ҳол он ки метавонист аз эшон бадтарин ҷазову интиқом биситонад.
Яке аз файласуфони машҳур, аз асосгузорони шӯриши с 1789-и Фаронса вақте низомҳои қононгузориро меомӯхт, бартарии қавонини исломро дарёфт ва гуфт: «Эй Муҳаммад (с) ! Чи қадар қадру манзалати бузург доштӣ. Ҳаққо, ки ба қуллаи волои адолат расидӣ, ки каси дигар наметавонад то рӯзи охир ба ин мартаба даст ёбад».
Ин аст фазилати воқие, ки мухолифон низ ба он таслим шуданд ва дигар натавонистанд ҳақиқати онро эътироф ва тасдиқ накунанд. Ҳатто онҳое, ки ба Паёамбар (с) имон наоварданд, ҳамеша ба фазилати фаросату фатонати ӯ қоил буданд. Зеро шахсияти Расул (с) тамоми фазилатҳои ахлоқи инсониятро бо такомули хеш фарогир буд. Ин аст, ки пасовандон дар шахси ӯ равшании фазоили мазкурро дарёфтаанд ва маҳз ҳамин нукта асоси таълими башар дар ҳар гӯшаву канори дунё гардид. Ин равиш роҳро барои ояндагон мунаввар кард ва эшонро чун муршиди беназир шӯҳратёр сохт.
Ҳалқаҳои дарсии ин муршиди беназир мардумро аз ҳар табақоти ҷомеа фаро мегирифт ва дар он намояндагони қавму миллат, забон ва тамаддунҳои гуногун ба ҳам омадаву ваҳдати зебое пайдо карда буданд. Ягон монеае вуҷуд надошт, ки касеро аз он ҳалқаҳои дарсӣ боздорад. Ин ҳалақот на танҳо ба ҳам омадану нишастан, балки маркази бузурги илмиву ирфонӣ маҳсуб меёфтанд, ки маҳаки асосии онҳо эҳтимом ба одамият буд ва он ҷо тавонову нотавон ҳама баробар буданд.
Чун ба пайравони Паёмбар (с) назар афканед, дармеёбед, ки эшон аз пешвоён ва саркардагони қавм буданд, мисли: Наҷҷошӣ- подшоҳи Ҳабаша, Фирӯзи Дайламӣ, раиси Ҳимяр, Убайд ибни Ҷаъфар- аз волиёни Уммон, Маркбуд- аз бузургони Яман.
Чун бори дигар бингаред, дар паҳлӯи ин бузургон мардуми авомеро мисли Билол, Ёсир, Суҳайб, Хаббоб, Аммор, занҳои ҷудо аз хонавода ва канизаконеро монанди Сумайя, Лабина, Зиннира, Наҳдия, Умми Убайс ва ғайра хоҳед дид.
Байни ин ёрони Паёмбар (с) соҳибхирадон ва нухбагон, донандагони хуби асрори дунё, сиёсатмадорон ва давлатдорони бузурге буданд. Аз байни эшон ҳокимони шаҳру вилоят зуҳур намуданд ва тавассути онҳо сулҳу оромӣ ва фазои осудаву осоишта, фазои дӯстиву бародарӣ ҳукмфармо шуд ва инсоният дар замони ҳукмронии онҳо саодати башариро дарёфт ва аз адолату инсофбархурдор гардид.
Агар ба таърихи башар назар афканем, нафареро мисли Муҳаммад (с) пайдо нахоҳем кард, ки зиндагонияш бо ин қадар иноят ва эҳтимом ҳамаҷониба мавриди баҳсу баррасӣ ва омӯзиши амиқ қарор гирифта бошад. Аз ин хотир, зикри хасоис ва фазилатҳои шахсияти эшон дар чанд саҳифае кифоят нахоҳад кард ва муҷаллади зиёди китобу таълифотҳоро дар ин бора тақозо хоҳад дошт.
Дар асл улуми исломӣ низ аз шахсияти эшон сарчашма мегирад (асле, ки улуми исломӣ такя ба он дорад, Қуръон ва суннат аст, ки тафсири ваҳй мебошад. Суннат- гуфтору кирдор ё тақрир ва ё ҳолати Расули акрам (с) буда, дар амре, ки он сароҳатан дар Қуръон ва ҳадис омада, иҷтиҳоде вуҷуд надорад), тавре ки дар масъалаи иҷтиҳод низ чунин аст (иҷтиҳод- истинботи ҳукм дар масоилест, ки нисбат ба он далели қотее дар Қуръон ва суннат нест, аммо худи истинбот низ дар асоси усули шинохта ва маъмули аҳли иҷтиҳод дар такя ба Қуръон ва суннат сурат хоҳад гирифт). Аз ин хотир, метавон гуфт, ки манбаи улуми фаръӣ низ пайванд ба эшон дорад.
Тамоми таълифоте, ки дар тӯли таърихи беш аз ҳазору чаҳорсад соли ислом ба миён омада, ҳама дар баёни китоби осмонии Қуръони карим ва зиндагиву шахсияти нотакрори Паёмбар (с) аст.
Мо бо тамоми қудрат ва истеъдоди башарии худ аз дарки комили ин мӯъҷизаи илоҳӣ, фахри коинот-шахсияти Расули акрам (с) оҷиз хоҳем буд. Масалан, идроки «нури муҳаммадӣ»ба таври шоиста имкон надорад, зеро кӯшишҳои мо дар ин роҳ танҳо ба андозаи фаҳму идроки худи мо сурат хоҳад гирифт.
Чанд кӯшише, ки ин ҷо мувофиқи зарфияти хеш дар муаррифии шахсияти мисолии Расули акрам (с) ба харҷ медиҳем, қатрае аз дарёи сероби ин гуна мисолҳо хоҳад буд.
ЗЕБОИИ СУРАТ ВА СИРАТУ АХЛОҚИ ПАЁМБАР (С)
Муҳаммад (с) вуҷуди мубораке буд, ки ҳам аз лиҳози сурат ва ҳам сират дар камоли ҳусну зебоӣ қарор дошт ва он зебоиро бо тамоми камолоташ наметавон таъбир кард. Имом Қуртубӣ дар ин маврид мегӯяд: «Ҷамоли Паёмбар (с) бо он ҳама ба таври комил зуҳур накарда буд. Ва агар он пурра зоҳир мешуд, ёрони эшон ёрои назар кардан ба он чеҳраи муборакро надоштанд». (Алии Ёрдам, Шамоилу расулино (с), Истанбул, 1992, ҷ. 4, с. 199).
Ёрон дар ҳузури Паёмбари Худо (с) бо адаб менишастанд. Дар ривоят омада, ки вақте Расул (с) назди муҳоҷирон ва ансор берун шуд ва дар миёни онҳо Абӯбакру Умар низ нишаста буданд, ба ҷуз Абӯбакр ва Умар аз шарму адаб касе ба эшон натавонист назар кунад. Аммо Абӯбакр ва Умар ба Паёмбар (с) нигоҳ ва табассум мекарданд ва эшон низ менигаристу дар лабонаш табассум ҳувайдо буд. (Тирмизӣ, ал- Маноқиб, 16, с. 3228).
Амр ибни Ос, кишваркушои Миср дар авохири умри худ ёд карда, ки «Бароям ҷуз Паёмбар (с) касе дӯстдоштатар набуд ва касе дар чашмам бузургтар наметофт. Чун дар мавриди ҷамоли ӯ аз ман савол мекарданд, тавони васфи ҷамолашро надоштам». (Муслим, ал- имон, 192; Аҳмад, 4, 199).
Паёмбар (с) соҳиби чеҳраи нуроние буд, ки бинандаро оромиши рӯҳӣ мебахшид. Ҳатто Абдуллоҳ ибни Салом, яке аз донишмандони яҳудӣ қабл аз он ки ислом оварад, ба чеҳраи мубораки эшон назар кардаву гуфта буд: «Ин чеҳра ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад чеҳраи шахси дурӯғгӯ бошад». (Тирмизӣ, ал-қиёма, 42\ 2485; Ибни Моҷа, ал- атъима, 1; Аҳмад, 5\ 451).
Ҳусну ҷамол ва салобати Муҳаммад (с) худ бозгӯи паёмбарӣ ва мӯъҷиза будани шахсияти эшон буда, ниёз ба далел ва бурҳони дигаре набуд. Ин чеҳраи муборак ҳангоми норизо будани эшон аз чизе ё коре тағйир меёфт, вале чун аз коре ё чизе хушаш меомад, дарҳол аломати хушнудӣ дар симояш падидор мешуд. Дар ҷисми латифи эшон ҳаё, ҳайбат, салобат ва иззат ҳама ҷамъ омада буданд ва тавсифи қалби ҳассоси ӯро ҷои сухан набуд.
Баробари талолуи нури ҳусну ҷамол дар чеҳраи эшон фасоҳату равонӣ дар гуфтор, завқи зебопарастӣ дар рафтор ва балоғату равонӣ дар баёнаш ҳувайдо буд. Ҳеҷ гоҳ лаб ба суханҳои беҳуда намекушуд, ҳамеша аз баёнаш панду ҳикмат мерехт. Дар фарҳанги эшон сухан аз қилу қол набуд. Бо ҳар нафар ба андозаи зарфияти фаҳму даркаш сӯҳбат мекард.
Дар муомила ҳамеша хоксору фурӯтан ва нармдил буд. Ҳеҷ гоҳ бо садои баланд намехандид. Дар лабонаш ҳамеша табассум падидор буд. Чун касе ӯро бори нахуст медид, аз салобат ва ҷиддияти ӯ ваҷоҳаташ дигаргун мешуд, вале пас аз ҳамнишинӣ бо тамоми вуҷуд шефтаву ошиқи ӯ мегашт.
Арбоби фазлу донишро эҳтиром мегузошт. Бо хешу пайвандони худ бисёр меҳрубон буд. Тавре ки бо аҳли хонавода ва ёрони хеш дар муносибат басо меҳрубон буд, нисбат ба соири инсонҳои дигар низ муомилаи хуш ва рафтори самимона дошт.
Ходимони хешро низ меҳрубонӣ мекард. Онҳоро тавре таом ва либос медод, ки худ мехӯрду мепӯшид.
Бо он ҳама меҳрубониву хоксорӣ ва лутфу нармӣ дар мавридҳои зарурат ҷасуру нотарс ва шуҷоъ буд. Саховатмандии ӯро ба таври шоиста қадр кардан аз имкон берун аст. Ба касоне низ ато мекард, ки тарсе аз фақру бенавоӣ надоштанд. ҳазрати Ҷобир ин нуктаро чунин тавзеҳ додаву мегӯяд: «Расули Худо (с) аз чизе ки пурсида мешуд, ҳеҷ гоҳ онро ато накарда намемонд». (Муслим).
Чун соҳиби ахлоқи воло буд, бо мардум муомилаи нек дошт ва хешу пайвандони худро беш аз дигарон хабар мегирифт, аз корҳои ноҷо ва ахлоқи ношоиста пайваста дурӣ меҷуст. Ҷое худ мефармояд: «Рӯзи бозхост чизе вазнинтар ва гаронтар аз ахлоқи некӯ дар тарозуи шахси мӯъмин нест ва ҳаққо, ки Худованд бадкирдори бешармро дӯст намедорад». (Тирмизӣ, ал- бирр, б2\ 2002).
Расули Худо (с) ҳамеша дар аҳду паймон ва ваъдаи худ содиқ ва ҳушмандтарини мардум буд, ки ҳама сифоту хислатҳояш шоистаи мадҳу таҳсин асту бас. Пайваста дар тафаккур ва андӯҳгиннамо мегашт. Хомӯширо риоят мекард. Чун сухан мегуфт, бомаврид мегуфт ва онро нимаву нофаҳмо намегузошт. Баёнаш оҷизкунанда буд, бо бисёрҳарфиву беҳудагӯӣ малоли хотири касе намешуд. Бо он ҳама ҳайбат ва салобат табъи басо нозук дошт. Танҳо дар ҳоле хашмгин мешуд, ки ҳақиқат поймол гардад. Чун поймол гардидани ҳақро медид, то барқарор кардани он мекӯшид ва танҳо пас аз он ором мешуд. Ҳеҷ гоҳ барои худ хашм намегирифт ва танҳо ба ҳимояи манфиати худ бар намехост, бо касе пархош намекард. Ба хонаи касе, то иҷозаташ надиҳанд, ворид намешуд. Чун вориди хонаи худ мегардид, муддати боқӣ мондани худро ба се қисмат мекард: нахуст барои ибодати Худованд, дувум барои аҳли хонавода, савум барои худ. Он вақтеро, ки барои худ ҷудо карда буд, сарфи хосу ом мекард, байни мардум тафриқа намегузошт. Дилашро ба ҳама баробар боз мекард.
Бештар дар тамоми гӯшаҳои масҷид менишаст, то одати дар як ҷои муайян нишастанро аз худ дур намояд. Зеро ӯ дар ҷойҳои муқаддас нишастанро хуш надошт. Ҳатто намехост дар масҷид низ мақоми муайянеро барои худ ишғол намояд, то сабаби фахр ва такаббур нагардад. Чун вориди маҷлисе мешуд, ҳар куҷо ҷои холие пайдо мекард, менишаст ва аз ҳар нафари дигар низ айни ҳамин гуна рафторро металабид.
Агар касе чизеро аз эшон бихоҳад, то баровардани ҳоҷати ӯ (агарчи чандон муҳим ҳам набошад, новобаста аз хурд ё бузург будани он) осудаҳол намешуд. Вале чун наметавонист хоҳиши ӯро бароварда созад, ҳадди ақал бо суханони хуш болидахотир ва осудааш мекард. Дар ғаму шодии мардум пайваста шарик буд. Мардум ҳама барояш азиз буданд ва чи хосу чи ом, чи фақиру чи ғанӣ, новобаста аз мақом қадр доштанд. Маҷлисҳои эшон татбиқи амалии фазилатҳое мисли илм, нармдилӣ, ҳаё, сабр, таваккул ва амонатдорӣ буд.
Касеро ба хотири гуноҳаш лаънат намехонд. Чун нафареро медид, ки эҳтиёҷ ба панду насиҳат ва ё маслиҳате дорад, бе он ки хиҷолатзада кунад ва ё изо диҳад, ӯро бо имову ишораи нозуке панд медод. Тавре ки намехост ба ҷустуҷуи айбу нуқсони дигарон, ки онро аз мардум пинҳон карданӣ мешуданд, бипардозад. Ин фахри коинот чун сухан мегуфт, сухан аз савоб мегуфт. Маҷолиси сӯҳбаташ пур аз меҳру муҳаббат буд. Вақте ӯ ба сухан гуфтан мепардохт, атрофиёнаш гӯшу ҳуш мешуданд. Одоби хос ва оромиши нотакроре дошт сӯҳбатҳои Расули Худо (с). Ҳамсӯҳбатон онро бад-ин гуна таъбир кардаанд: «Гӯё болои сарамон парранда менишаст». (Абудовуд, ас-сунна 23-24\ 4753).
Одобу ҳаёи Паёмбари Худо (с) дар шахсияти ёрону пайвандонаш низ асар дошт. Эшон гоҳо аз савол кардан аз Расул (с) эҳсоси хиҷолат мекарданд. Гоҳо аз ин хотир фурсати муносибро аз даст медоданд, ки бодиянишине аз саҳро меомад ва аз Паёмбар (с) савол мекарду аз файзи сӯҳбату рӯҳонияташ аҳли маҷлис ҳамагӣ баҳра меёфтанд.
Муҳаммад (с) дар тӯли зиндагияш намунаи олӣ ва рамзи зиндаи ихлос буд. Ҳар чи дар забон дошт, дар дил дошт ва ҳар чи дар дил дошт, онро ба забон меовард. Ахлоқ, рафтору гуфтораш гӯё Қуръоне буд зинда. Ҳеҷ гоҳ кореро, ки худ анҷом намедод, ба каси дигар амр намекард. (ниг. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дору содир, ҷ.1. с 121, 365, 422-425).
Бо он ки Расул (с) дар як муддати кӯтоҳ ба як мулки паҳноваре даст ёфт, ки ҳеҷ як подшоҳи дунё наметавонад ба он бирасад ва дар дилу дидаи мардум чун муаллим ва мураббии беназир ҷой гирифт, ба ҳеҷ як неъмати дунё фирефта нашуд ва ҳамоно хоксору фурӯтан боқӣ монд. Чун ҳамеша дар кулбаи фақиронае умр ба сар мебурд, таомаш аз шир ва рахти хобаш аз пӯстлох буд. Либосҳои оддӣ ба бар дошт. Чун хӯрдание намеёфт, санг бар шикам мебаст, то аз дарди гуруснагӣ бираҳад ва Парвардигори худро шукр мегуфт. Бо вуҷуди он ки Худованд гуноҳҳои гузаштаву ояндаи ӯро бахшида буд, пайваста дар ибодат ва шукргузорӣ умр ба сар мебурд, шабҳоро бо ибодат пос медошт, то ҷое ки пойҳояш аз касрати ранҷ варам мекарданд.
Дастгиру мададгори фақиру бенавоён буд ва ятиму бекасонро сарпарастиву ғамхорӣ мекард.Бо ҳама бузургиву қадру манзалат бештар ба мардуми бечораву бенаво раҳму шафқат дошт.
Рӯзи фатҳи Макка чун мардум ӯро бо қувваи бузург диданд, шинохтанд ва дилҳояшонро тарсу хавф фаро гирифт. Яке назди эшон омад ва гуфт: Эй Расули Худо (с), маро ислом биомӯз. Паёмбар (с) бо ёд аз даврони оҷизӣ ва нотавонии худ дар Макка ба таълим додани ӯ пардохт ва гуфт: «Ба худ осон бигир, ман подшоҳе нестам, балки фарзанди зане ҳастам, ки пораи нони хушк мехӯрд». (Ибни Моҷа, ал- атъима, 30; Табаронӣ, Мӯъҷам-ул-авсат, ҷ. 2, 64).
Хулоса, Паёмбар (с) ба қуллаи баланди хоксорӣ даст ёфт, ки барои бузургони дигар даст ёфтан ба дараҷоти поёнии он низ муяссар нашудааст.
Худи ҳамон рӯз (рӯзи фатҳи Макка) Паёмбари Худо (с) ба Абӯбакри Сиддиқ, ҳабиб ва ёри ғори худ, ки ҳамроҳи падари пираш вориди масҷид гардида буд, гуфт: «Оё пирамардро дар хона нагузоштӣ, то худ ба дидораш ОЯМ?». (Аҳмад, ҷ. 6\ 349; Ҳайсамӣ, ҷ. 6\ 164; Ибни Саъд, ҷ. 5\ 451).
Расулуллоҳ (с) ҳамеша худро оҷизу нотавон муаррифӣ мекард:

«Бигӯ ҷуз ин нест, ки ман инсонам мисли шумо. Ваҳй фиристода мешавад ба сӯи ман, ки Худои шумо ҳамон Худои яктост. Пас ҳар, ки умеди мулоқоти Парвардигори худро дорад, бояд кори писандидае бикунад ва шарик наёрад дар ибодати Парвардигори хеш ҳеҷ касро». (Каҳф, 110)
Бад-он мекӯшид, ки уммати худро аз гумроҳиву бероҳагӣ нигаҳ дорад, то мисли қавмҳои пешин дучори ҳалокат нагарданд ва барои тасдиқи рисолаташ дар оғози ҷумла ибораи «Абдуллоҳ», яъне «Бандаи Худо»-ро ҳамроҳ мекард. Ба онҳое, ки зиёда аз ҳад ӯро таъзим мекарданд, мегуфт: «Тавре ки насоро Исо (писари Марям)-ро мепарастанд, маро мавриди парастиш қарор надиҳед. Ман бандаи Худоям, пас, бигӯед: Бандаи Худо ва фиристодаи У». (Ҳайсамӣ, 9\ 21).
Паёмбарро табақи чӯбине буд, ки онро ғарро мегуфтанд ва чаҳор мард мебардоштанд. Чун ба чоштгоҳ расиданд ва намози чошт гузоштанд, Расул (с) он табақро бо худ овард ва дар он шӯрбое буд, ки пораҳои нон ба он андохта буданд. Ҳама сӯи ӯ нигаристанд. Вақте мардуми зиёде ҷамъ омаданд, Паёмбар (с) дузону нишаст ва бодиянишине гуфт: «Ин чи гуна нишаст аст?» Эшон посух дод: «Худованд маро бандаи кариме карда ва ҷабркунандаву саркаш наофарида». Пас, боз гуфт: «Аз он бихӯред, он баракот хоҳад кард». (Абудовуд, ал- атъима, 18\3773).
Тавре ки мушоҳида кардем, Расули Худо (с) ҳеҷ гоҳ мутакаббир ва мағрур набуд. Худи эшон бори дигар ин нуктаро равшанӣ бахшидаву мегӯяд: «Ба ҳам наздик шавед, ҳамдигарро хушхабар расонед, зеро касе бо амали худ дохили ҷаннат нахоҳад шуд». Ёрон ҳама дар ҳайрат афтодаву пурсиданд: «Ҳатто шумо, эй Расули Худо?» Эшон гуфт: «Ҳатто ман ҳам, агар Худованд бо раҳмати худ маро набахшояд». (Бухорӣ, ар- риқоқ, 18; Муслим, ал- мунофиқин, 71, 72; Ибни Моҷа, аз- зуҳд, 20; Дорамӣ, ар- риқоқ, 24).
Ҷои дигар умматихешро огоҳ кардаву мефармояд, ки ҳар касе либоси худро аз рӯи кибру ҳавобаландӣ ба бар кунад, Худованд дар рӯзи ҷазо барояш либосе аз оташ бипӯшонад. Ва дар ин маврид мегӯяд: «Худованд рӯзи бозхост ба касе, ки ҷомаашро аз рӯи фахру такаббур поин биандозад, назар нахоҳад кард». (Бухорӣ, ал- либос, 1, 5).
Ҷои дигар мефармояд: «Ҳар касе дар дунё либоси шӯҳрат ба бар намояд, Худованд дар рӯзи ҷазо либоси хорӣ бипӯшонадаш ва онро дар оташ биандозад». (Ибни Моҷа, ал- либос, 24).
Паёмбари Худо (с) фирефтаи молу сарвати дунё набуд. Ҳатто аз он ғаниматҳое, ки дар даст дошт, насибаи худро низ ба дигарон тақсим мекард ва аз лиҳози моддӣ мисли як нафари одии умматаш умр ба сар мебурд.
Муҳаммад (с) рисолат ва вазифаи худро дар бахшидан ва ато кардани молу сарват ба фақиру бенавоён медонист ва доим ба худ мегуфт: «Худованд соҳиби мулк ва бахшандаи он аст».
Сафвон ибни Умайя, яке аз саркардагони мушрикон қабл аз он ки ислом оварад, ҳамроҳи Расул (с) шоҳиди ҷанги Ҳунайн ва Тоифбуд. Пас аз ҷанг вақте ҳамроҳи Расули акрам (с) мегашт, Паёмбар (с) аз байни ғаниматҳо убур мекард ва Сафвон аз паи ӯ буд. Сафвон ибни Умайя ба ин ғаниматҳо бо чашми ҳайрат ва дилбастагӣ менигарист. Паёмбар (с) ба ӯ гуфт: «Эй Абуваҳаб, ин мардум туро писанд аст?» Сафвон гуфт: «Оре». Паёмбар (с) ӯро иҷоза дод, ки ҳар чи дар он ҷост, барои худ бигирад. Сафвон ибни Умайя дар он ҳол гуфт: Нафси касе мисли нафси Набӣ (с) наметавонад бад-ин гуна хуш бошад. Шаҳодат медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ худои дигаре нест ва Муҳаммад (с) фиристодаи Уст. Ва ҳамон ҷо мусалмон шуд. (ал- Воқидӣ, ал-Муғозӣ, Бейрут, 1989, ҷ. 2., с.854-855).
Чун Сафвон назди қабилаи худ баргашт, ба онҳо гуфт: «Эй пайвандони ман, ислом оваред. Қасам ба Худо, Муҳаммад касонеро ато медиҳад, ки аз фақру бенавоӣ хавфе надоранд». (Муслим, ал- фазоил, 57-58; Аҳмад, 3, 107).
Боре нафаре назди Расули акрам (с) омад ва аз эшон чизе дархост. Паёмбар (с) чизе, ки дархури ӯ бошад, наёфт ва ӯро ваъда кард, ки ҳатман онро пайдо ва барояш дастрас хоҳад кард (Ҳайсамӣ, 10\ 242; ниг. Абудовуд, ал-хироҷ, 33-35\ 2055; Ибни Моҷа, Саҳеҳ, Бейрут, 1993м. ҷ.14, 262-264).
Муҳаммад (с) дар меҳмоннавозӣ низ ҳамто надошт. Монанди бобояш Иброҳим (а) намегузошт, ки меҳмонаш танҳо хӯрок бихӯрад. Қарзи онҳоеро, ки аз олам гузашта буданд, худ мепардохт ва ё аз мардум талаб мекард, ки қарзҳои худро сари вақт бипардозанд ё барои пардохти он омодагӣ бигиранд. Ҷанозаи қарздоронро намегузорид. Дар ҳадиси шарифи худ низ дар ин бора мефармояд: «Шахси саховатманд ба Худованд, ба ҷаннат, ба мардум наздик ва аз оташи дӯзах дур аст. Шахси бахил, аз Худованд, аз ҷаннат, аз мардум дур буда, ба оташи дӯзах қариб мебошад». (Тирмизӣ, ал- бир(р), 40\ 1961).
Ва дар ҳадиси дигаре мефармояд: «Ду хислате аст, ки дар шахси мӯъмин ҷамъ намешавад, яке бахилӣ ва дигаре бадахлоқӣ». (Тирмизӣ, ал- бир (р), 41\1962).
ТАҚВО (ХУДОТАРСИ)-И МУҲАММАД (С)
Паёмбар (с) худотарстарини мардум буд. Ҳамеша аз Худованд талаби тақво намуда мегуфт: «Парвардигоро, нафси маро тақво бидеҳ, онро покиза бигардон. Ту беҳтарин зоти покизадорандаи нафсӣ ва соҳиби онӣ». (Муслим, аз-зикр, 73).
Ҷои дигар мегӯяд: «Парвардигоро, ман аз Ту талаби ҳидоят, тақво, покизагӣ ва бениёзӣ дорам». (Муслим, аз- зикр, 72).
Ҳамин тақводории эшон буд, ки фақирона умр ба сар мебурд. Дар ин маврид Оиша (р) мефармояд: «Хонаводаи Муҳаммад (с) пораи нони хушкро ҳатто то се рӯз ба серӣ намехӯрд, то ҷое ки ҷон ба Ҳақ месупорид». (Бухорӣ, ал- имон, 22; Муслим, аз- зуҳд, 20-22; Ибни Моҷа, ал-атъима, 84).
Расули акрам (с) уммати хешро ба худотарсӣ даъват мекард: «Ба дурустӣ, ки беҳтарини мардум барои ман тақводоронанд, касе ҳам бошанд ва куҷое ҳам бошанд».(Аҳмад, 7, 235; ал- Ҳайсамӣ, 9\ 22).
Ё худ мефармояд: «Ҳаққо, ки дӯстони ман худотарсонанд». (Абудовуд, ал- фитан, 1\ 4242).
Дар ин маврид боз мефармояд: «Ҳар куҷое бошӣ, аз Худо битарс. Аз паи бадӣ некӣ бикун, то онро маҳв созад ва бо мардум муомилаи некӯ дошта бош». (Тирмизӣ, ал- бир (р), 55\ 1987).
Паёмбар (с) худ тариқи расидан ба худотарсиро нишон додаву мегӯяд: «Банда ба мақоми худотарсон намерасад, то аз ҳар чи барояш муҳим нест ё худ дахле надорад, ба хотири ҳар чи барояш муҳим аст, парҳез намояд». (Тирмизӣ, ал-қиёма, 19\ 2451; Ибни Моҷа аз-зуҳд, 24).
Паёмбар (с) байни мардум тафриқа намегузошт. Барояш ҳама баробар буданд. У ба фақиру сарватманд, хурду бузург, тавонову нотавон бо як чашм менигарист. Аз ин рӯ гуфта буд: «Ҳеҷ бартарие арабро бар ғайри араб, сурхро бар сиёҳ ва сиёҳро бар сурх нест, магар ба тақво». (Аҳмад, 5\ 411).
Марде назди ҳазрати Исо (а) омад ва гуфт: «Эй муаллими хайру хубӣ, бароям чизеро таълим деҳ, ки аз он хабар надошта бошам, чизе ки маро манфиат орад ва туро аз он осебе нарасад». Исо (а) пурсид: «Он чӣ чиз аст?»Мард дар ҷавоб гуфт: «Банда чи гуна дар роҳи Худовандаш ба таври шоиста тақво меварзад?» Ҳазрати Исо (а) ин ҷо таърифи хубе ба вожаи тақво додаву гуфт: «Бисёр ба осонӣ, Худовандро аз самими дил дӯст медорӣ ва ба қадри қуввату тавоноӣ ба хотири У амал мекунӣ. Тавре ки ба нафси худ раҳм дорӣ, фарзандони ҳамҷинсатро низ раҳм мекунӣ». Мард гуфт: «Эй муаллими хайрухубӣ, фарзандониҳамҷинсиманкиёнанд?» Исо (а) гуфт: «Ҳамаи фарзандони Одам. Ҳар чи барои худ раво надорӣ, ба дигарон низ раво мабин. Он гоҳ Худовандро ба таври шоиста тақво варзидаӣ» (Аҳмад, аз- Зуҳд, бидуни дори нашр ва бидуни таърих, с. 59).